Сентябр 15, 2018 10:46 Asia/Dushanbe
  • 13 сол зиндон барои зани тоҷики истирдодшуда аз Афғонистон

Як зани тоҷик, ки ба иттиҳоми талош барои узвият дар гурӯҳи террористии ДИИШ аз Афғонистон ба Тоҷикистон истирдод шуда буд, бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба 13 сол зиндон маҳкум шуд.

Ба гузориши сайти “СА – Нюз”, Сафаргул Одинаева, сокини ноҳияи Муъминободи минтақаи Кӯлоб дар моҳи октябри соли 2017 аз сӯйи мақомоти қазоии Афғонистон ба Тоҷикистон истирдод шуда буд.

Ҳамчунин бар асоси ҳукми ин додгоҳ, Хушнуд Махдумов, шавҳари ин зан, ки ба ҳамроҳи ҳамсараш аз Афғонистон ба Тоҷикистон истирдод шуда буд, ба иттиҳоми мушобеҳ ба 17 соли зиндон маҳкум шуд.

Мақомоти додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе гуфтаанд, ин ду ҳангоми ҳузур дар Русия ба унвони коргари муҳоҷир ба василаи радиои интернетии “Зелло” бо ҳам ошно шуда ва бо таҳияи гузарномаҳои сохта барои пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ ба Афғонистон рафтаанд.

Сипас хадамоти амнияти миллии Афғонистон онҳоро боздошт ва ба Тоҷикистон мунтақил кардааст.

Гуфта мешавад, писари панҷсолаи ин хонавода, ки ба ҳамроҳи волидайнаш аз Афғонистон истирдод шудааст, акнун дар ноҳияи Муъминобод таҳти сарпарастии бобояш қарор дорад.