Донишҷӯёни чинӣ забони тоҷикӣ меомӯзанд
Сентябр 15, 2018 13:09 Asia/Dushanbe
Сафорати Тоҷикистон дар Чин ба манзури густариши забони тоҷикӣ дар ибтидои соли таҳсилии нав, омӯзиши забони тоҷикиро барои нахустин гурӯҳи донишҷӯёни забони хориҷии Донишгоҳи Пекин оғоз кард.
Ба гузориши сомонаи “Авесто”, мақомоти Сафорати Тоҷикистон дар Чин ин барномаи муҳимро бо ҳадафи тарвиҷ, тавсеа ва тақвияти ҳамкорӣ ва равобити дӯстонаи Тоҷикистон ва Чин роҳандозӣ кардаанд.
Оғози омӯзиши забони тоҷикӣ ва ифтитоҳи Маркази мутолеоти Тоҷикистон дар ояндаи наздик дар Донишгоҳи Пекин, алоқаи зиёд ва физояндаи мардуми Чин ба омӯхтани забон, фарҳанг, таърихи куҳан ва модерни Тоҷикистонро нишон медиҳад.