Сентябр 15, 2018 14:34 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи русҳову тоҷикҳо аз омӯзиши осони хати форсӣ

Мудири радиои тоҷикии Садои Хуросон гуфт, барномаи тасвирии омӯзиши хати форсии сайтҳои форсӣ ва кириллии радиои тоҷикӣ бо истиқболи хуби мардуми Тоҷикистон ва тоҷирони рус мувоҷеҳ шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Мухтори Фарзодӣ афзуд, пас аз гузашти ҳудуди чаҳор моҳ аз роҳандозии бахши омӯзиши осони хати форсӣ бо ҳамкории Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад, муҳаққиқон ва пажӯҳишгарони радиои тоҷикӣ ба манзури баррасии мизони ҷазби мухотабон ва истиқболи мардумӣ, бо гурӯҳҳои мухталиф дар Тоҷикистон гуфтугӯ ва натоиҷи арзандае касб карданд.

Вай гуфт, ҷамъе аз тоҷирони рус муътақиданд, омӯзиши хат ва забони форсӣ барои тоҷирони рус хеле муҳим аст ва бо таваҷҷуҳ ба таҳримҳои Эрон ва Русия аз сӯйи Амрико, муносиботи тиҷории ду кишвар афзоиш ёфта ва мо барои фарогирии хати форсӣ аз сайти радиои тоҷикӣ истифода мекунем.

Ҳамчунин теъдоде аз тоҷирони тоҷикистонӣ ҳам гуфтаанд, дар вебгардиҳо беҳтарин сабки омӯзиши хати форсиро дар сайти радиои тоҷикӣ ёфтаанд ва барои идомаи омӯзиши хат ва забони ниёгони худ дар ин сайт ибрози умедворӣ кардаанд.

Ба гуфтаи Фарзодӣ, теъдоде аз мутарҷимон ва омӯзгорони тоҷикистонӣ ҳам дар гуфтугӯ бо пажӯҳишгари радиои тоҷикӣ, зимни ибрози хушҳолӣ аз ин иқдоми радиои тоҷикӣ эълом карданд, барои омӯзиши хат ва забони форсӣ дучори мушкил будем ва акнун бо истифода аз ин сайт, хат ва забони форсиро ба фарогиронамон омӯзиш медиҳем.

Мудири радиои тоҷикӣ таъкид кард, аз он ҷо ки Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад аз зумраи беҳтарин донишгоҳҳои Эрон ва минтақаи Осиё аст ва беҳтарин устодони Эрон ин дарсҳоро дар ин донишгоҳ тадрис мекунанд, аз он кумак гирифтем ва баъд аз якуним сол пайгирӣ, тавонистем барномаи тасвирии омӯзиши хат ва забони форсиро дар ҳар ду сайти форсӣ ва кириллии радиои тоҷикӣ роҳандозӣ кунем.

Фарзодӣ ёдовар шуд, ин тарҳ дар се марҳалаи омӯзиши ҳуруф, омӯзиши калима ва омӯзиши ҷумла ва гуфтугӯ дар дасти тавлид ва интишор аст ва то кунун 15 барнома аз он барои истифодаи мухотабон (аудитория) ва алоқамандон дар сайт қарор гирифтааст.

 

 

Барчасп