Баста шудани чаҳор маъдани тилло дар Тоҷикистон
(last modified Sun, 16 Sep 2018 04:37:00 GMT )
Сентябр 16, 2018 09:37 Asia/Dushanbe
  • Баста шудани чаҳор маъдани тилло дар Тоҷикистон

Бо тамдид нашудани муҷаввизи фаъолияти чаҳор корхонаи истихроҷи тиллои бахши хусусӣ дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон, 600 коргар шуғли худро аз даст дода ва бекор шудаанд.

Ба гузориши сомонаи Ахбори Осиёи Марказӣ, Нурулло Мирзозода раиси ноҳияи Ховалинг гуфтааст, дар миёни афроди бекоршуда, теъдоди зиёде неруи мутахассис вуҷуд дорад, ки бояд ба фикри пайдо кардани шуғл барои онон буд.

Мудирони корхонаҳои басташуда гуфтаанд, далели содир нашудани муҷаввизи идомаи фаъолияти ин марказҳо мушаххас нест.

Аз ин рӯ чаҳор корхонаи дигари истихроҷи тилло дар қаламрави ин минтақа акнун дар пайи тамдиди муҷаввизи фаъолияти худ ҳастанд ва маълум нест, ки муваффақ ба ин кор хоҳанд шуд ё на.

Коршиносон мӯътақиданд, истихроҷи тилло дар Тоҷикистон барои афзоиши захираҳои арзии Бонки Миллии ин кишвар бисёр муҳимм аст.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 15 маъдани тило бо захираи 400 тон тилло вуҷуд дорад, ки барои истихроҷи он ниёз ба сармоягузории хориҷӣ доранд.

Аммо тайи солҳои ахир ширкатҳои чинӣ иқдом ба хариди саҳмияҳои молии маъданҳои тиллои Тоҷикистон карданд ва гуфта мешавад бархе аз ин онҳо дар баробари қарзи хориҷии тарафи Тоҷикистон ба ин ширкатҳо вогузор шудааст.

Корхонаи бузурги тиллои Зарафшон дар ноҳия Панҷакент, Сайёд дар ноҳияи Ваҳдат, Дуобаи Шарқӣ ва Кумарғ дар ноҳияи Айнӣ ба таври муштарак бо Чин фаъолият мекунад, ки бахши умдаи саҳмияҳои молии онҳо дар ихтиёри ширкатҳои чинӣ аст.