Сентябр 16, 2018 10:54 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии Эмомалӣ Раҳмон аз авзои ҷиноӣ дар вилояти Бадахшон

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар поёни сафари серӯзаи худ ба вилояти Бадахшон дар дидор бо масъулони давлатӣ ва амниятӣ ва интизомӣ, аз вазъияти муташанниҷ дар ин минтақа ибрози нигаронӣ кард.

Ба гузориши сомонаи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ин дидор аз авзои муташанниҷи Афғонистон, убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистон, вуҷуди силоҳ дар дасти мардум ва афзоиши ҷиноят дар миёни ҷавонон ибрози нигаронӣ кард.

Вай ҳамчунин бар зарурати муборизаи ҷиддӣ бо маводи мухаддир, машруботи спиртӣ ва гароиш ба гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ таъкид кард.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, солҳои ахир 136 мавриди убури ғайриқонунӣ аз марзи Тоҷикистон ва Афғонистон дар қаламрави вилояти Бадахшон сабт шудааст, ки марзшиканон сокинони ин минтақа ва шаҳрвандони хориҷӣ будаанд.

Ҳамчунин тайи панҷ соли ахир неруҳои амниятӣ ва интизомӣ наздик ба 1500 силоҳи мухталифро аз сокинони вилояти Бадахшон мусодира карда ва барои 235 нафар парвандаи ҷиноӣ ташкил шудааст.

Аз ин рӯ вилояти Бадахшон ба лиҳози анҷоми ҷиноят бо истифода аз силоҳи оташфишон дар Тоҷикистон дар мақоми нахуст қарор дорад.

Агар дар соли 2013 вилояти Бадахшон беш аз шаш дарсади кулли маводи мухаддири мусодирашуда дар Тоҷикистонро ба худ ихтисос дода бошад, дар соли 2017 ин шохис ба беш аз 12 дарсад ва тай шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ ба 14 дарсад расидааст.

Аз сӯи дигар теъдоди мӯътодон ба маводи мухаддир дар вилояти Бадахшон дар муқоиса бо миёнгини ин шохис дар Тоҷикистон, чаҳор баробар бештар аст.

Шумораи шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам дар вилоят ба сад ҳазор нафар, 283 нафарро ташкил мекунад, ки аз ҳисоби миёнаи кишвар қариб дуюним баробар зиёд мебошад.

49 нафар аз сокинони ин вилоят низ ба иттиҳоми иртибот бо гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ дар ҷустуҷӯ қарор доранд.