Сентябр 17, 2018 10:39 Asia/Dushanbe
  • Ҷойгоҳи 127 Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии рушди нерӯи инсонӣ

Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии рушди неруи инсонӣ, ки аз сӯи Созмони Миллали Муттаҳид таҳия шудааст, дар ҷойгоҳи 127 қарор гирифт.

Ба гузориши Спутник, дар ин раддабандӣ мавзӯи рушди нерӯи инсонӣ дар 189 кишвари ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки тӯли умр, замони таҳсилот ва ҳаҷми саронаи тавлиди нохолси миллӣ, аз шохисҳои асосии он ба ҳисоб меояд.

Бар асоси ин гузориш, дар Тоҷикстон тӯли умри миёна 71 сол, замони таҳсилот 10 солу 4 моҳ ва миёнгини саронаи тавлиди нохолиси миллӣ дар сол 3 ҳазору 300 доллар эълом шудааст. Дар ин раддабандӣ дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қазоқистон дар ҷойгоҳи нахуст қарор дорад, ки тӯли умри миёна 70 сол, замони таҳсилот 11 солу 8 моҳ ва миёнгини саронаи тавлиди нохолиси миллӣ дар соли 22 ҳазору 600 доллар мебошад. Ин кишвар дар раддабандии ҷаҳонӣ дар ҷойгоҳи 58 қарор дорад. Дар мақоми баъдӣ Узбакистон бо тӯли умри миёна 71 сол, замони таҳсилоти 11 солу 6 моҳ ва миёнгини саронаи тавлиди нохолиси миллӣ дар сол 6 ҳазору 400 доллар қарор гирифтааст, ки дар раддабандии ҷаҳонӣ, ҷойгоҳи 105-ро ба худ ихтисос додааст. Кишварҳои Туркманистон ва Қирғизистон дар раддабандии ҷаҳонии рушди нерӯи инсонӣ дар ҷоигоҳи 108 ва 122 воқеъ шудаанд.

Ҳамчунин дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз нигоҳи шохиси рушди тавлиди нохолиси миллӣ, Қазоқистон бо 159 миллиард доллар дар сол, дар мақоми нахуст ва дар ҷойгоҳи 55 ҷаҳон воқеъ шудааст. Узбакистон бо 48 миллиарду700 миллион доллар тавлиди нохолиси миллӣ дар сол, дар мақоми дуввум дар минтақа ва рутбаи 85 ҷаҳонӣ, Туркманистон бо 42 миллиарду 300 миллион доллар талиди нохолиси миллӣ дар сол, дар мақоми сеюм дар минтақа ва рутбаи 88 ҷаҳонӣ, Қирғизистон бо 7 миллиарду 500 миллион доллар талиди нохолиси миллӣ дар сол, дар мақоми чаҳорум дар минтақа ва рутбаи 145 ҷаҳонӣ ва Тоҷикистон бо 7 миллиарду 100 миллион доллар тавлиди нохолиси миллӣ дар сол, дар мақоми панҷум дар минтақа ва рутбаи 147 ҷаҳонӣ қарор гирифтаанд.