Сентябр 17, 2018 18:10 Asia/Dushanbe
  • Муҳлати як моҳаи Раҳмон ба мақомоти вилояти Бадахшон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз таъмин набудани волоияти қонун дар шаҳри Хоруғ изҳори нигаронӣ карда, таъкид намуд, ки дар шаҳр чор ҷинояткор диктоват мекунанд.

Ба нақл аз Спутник, охири ҳафтаи гузашта Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз риоя нашудани қоидаҳои ҳаракати роҳ, махсусан дар шаҳри Хоруғ интиқод карда буд.

Раисиҷумҳур инчунин таъкид намуд, ки худро аз дигарон боло гузоштани бархе афрод хотима дода шавад ва ҳар нафаре қоидаро вайрон кунад, бояд ҷазо дода шавад.

"Ҳазор нафар дар шаҳри Хоруғ соҳиби нақлиёт бошад, 27 ҳазори дигар бенақлиёт аст. Чӣ, онҳоро пахш карда мегузаранд? Ҳуқуқи онҳо, озодии онҳо, амнияти онҳо чӣ мешавад?", — суол гузошт Эмомалӣ Раҳмон

Ӯ афзуд, давлат дар асоси Конститутсия вазифадор аст, ки амнияти шаҳрвандонро, тартиботи ҷамъиятиро таъмин намояд ва аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла кормандони БДА хост, вазифаҳои хидматиятонро иҷро кунанду тартибот дар роҳро таъмин намоянд.