Тошканду Бишкек - мабдаи тоҷикон барои сафар ба хориҷ
Баррасиҳо нишон медиҳад, шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин авохир барои парвозҳои хориҷӣ пойтахтҳои Узбакистону Қирғизистонро ба далели арзон будани қимати билети ҳавопаймо тарҷеҳ медиҳанд.
Ба гузориши “Азия плюс”, пас аз оғози рафтуомади озодона ва бидуни раводиди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Узбакистон тоҷикҳо ба иллати гарон будани қимати билети ҳавопаймо дар кишвари худ бо сафари заминӣ ба Тошканд ва Бишкек рафта ва аз ин ду шаҳр ба соири кишварҳо парвоз мекунанд.
Қимати билет барои як мусофир аз фурудгоҳи Душанбе ба мақсади Маскав аз сӯи ширкатҳои "Сомон эйр" ва "Тоҷик эйр" 266 доллар эълом шудааст, дар ҳоле ки аз Бишкек, пойтахти Қирғизистон метавон бо 187 доллар ба Маскав парвоз кард. Аз сӯйи дигар парвоз барои як мусофир аз фурудгоҳи Тошканд, пойтахти Узбакистон ба Маскав дар муқоиса бо Тоҷикистон 45 доллар, ба Пекин 86 доллар ва ба Дубай 42 доллар арзонтар тамом мешавад. Ин масъала мӯҷиби афзоиши сафари тоҷикон ба Узбакистон аз роҳи заминӣ ва парвоз аз фурудгоҳи Тошканд мешавад.
Мақомоти ширкатҳои ҳавопаймоии “Сомон эйр” ва “Тоҷик эйр” дар Тоҷикистон, ки дар ин авохир мусофирони худро аз даст додаанд, иллати умдаи гаронии қимати билет барои мусофиронро боло будани қимати сӯхт дар ин кишвар донистаанд. Зеро ин ду ширкат ҳар яке сӯхти ҳавопайморо ба қимати як ҳазору 465 доллар ворид мекунанд, ки дар муқоиса бо чаҳор кишвари дигари Осиёи Марказӣ 40 дарсад гаронтар тамом мешавад. Аммо коршиносон мегӯянд, танҳо роҳи арзон кардани ҳазинаи парвозҳо аз Душанбе ба хориҷи кишвар эҷоди фазои рақобатӣ бо эътои муҷаввизи парвоз ба ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ аст, ки метавонад рӯйи қимати билетҳо таъсир гузорад.