Сентябр 18, 2018 20:06 Asia/Dushanbe
  • Тағйироти кадрӣ дар вилояти Бадахшон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот дар вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон тағйироти кадрӣ амалӣ кард.

Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, Давлатмо Додихудозода аз вазифаи раиси суди вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон озод гардида, Шоғуфрон Усмонзода— Раиси Суди вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон таъин шуд.

Инчунин бо дастури раисиҷумҳур муовинони раиси ВМКБ аз мақом барканор шуда,  Алишер Мирзонаботов, муовини аввал ва Назира Амирбекзода, Анвар Иматшозода ва Умедҷон Носиров, муовинони раиси ВМКБ таъин гардиданд.  

Сардорони шуъбаҳои корҳои дохилӣ дар шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон, Ишкошим ва Мурғоб, инчунин сардори шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии дар ВМКБ аз вазифаҳои ишғолкардаашон озод гардиданд.

Муовини якуми вазири корҳои дохилӣ Абдураҳмон Аламшозода ҳамзамон сардори Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон таъин гардид.

Манбаъ афзуд, ки зимни мулоқот бо кадрҳои навтаъин Эмомалӣ Раҳмон барои пешгирӣ кардани қочоқи маводи мухаддир, нигоҳ доштан ва бо худ гирифта гаштани силоҳ, убури ғайриқонунии сарҳад, вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бар зидди нашъамандӣ ва тарбияи насли солиму солеҳ дар назди кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар хизматчиёни давлатӣ вазифаҳои мушаххас гузошт.