Сентябр 19, 2018 19:35 Asia/Dushanbe
  • Дар Тоҷикистон марҳилаи нави мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ оғоз ёфт

Дар амалиёти мазкур риояи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар хонаҳои истиқоматӣ, меҳмонхонаҳо, хобгоҳҳо, корхонаву ташкилот ва иншооти корӣ мавриди санҷиш қарор дода хоҳанд шуд.

Ба иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, "Нелегал-2018" дар кишвар мутобиқи қарори Шӯрои ҳамоҳангсозии мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор мешавад.

Амалиёти муштараки ВУД, КДАМ ва Вазорати меҳнат аз санаи 17-ум то 25-уми сентябри соли ҷорӣ марҳилаи дуюми чорабиниҳои оперативӣ-профилактикӣ ва амалиёти махсуси мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ, таҳти унвони шартии "Нелегал-2018" гузаронида мешавад.

Дар чорабинӣ риояи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар хонаҳои истиқоматӣ, меҳмонхонаҳо, хобгоҳҳо, корхонаву ташкилот ва иншооти корӣ мавриди санҷиш қарор дода хоҳанд шуд.

Ҳамчунин зимни амалиёт шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар ҳудуди Тоҷикистон истиқомат ва будубош доранд, муҳлатнокии раводид, бақайдгирии шиносномаҳои онҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ, доштан ва ё надоштани иҷозатномаи фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ, эътиборнокии мӯҳлати шиносномаҳои онҳо ва бечунучаро риояи қонунҳои амалкунанда ва санадҳое, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, мавриди санҷиш қарор дода мешаванд.