Сентябр 27, 2018 10:17 Asia/Dushanbe
  • Дархости бастагони кӯдаки ҳаштмоҳаи тоҷик барои бозгардондани ӯ аз Ироқ

Хонаводаи зани тоҷик, ки дар Ироқ ба иттиҳоми ҳамкори бо ДИИШ ба 20 сол зиндон маҳкум шудааст, аз мақомот мехоҳанд, ба бозгардондани навзоди ҳаштмоҳаи ӯ ба Тоҷикистон мусоидат кунанд.

Ба нақл аз Фарғона, бастагони ин хонавода гуфтаанд, ки пас аз маҳкумияти Сафаргул Набиева ва кушта шудани шавҳари ӯ дар Ироқ акнун Абдуллоҳ кӯдаки ҳаштмоҳаи вай дар парваришгоҳи Бағдод нигаҳдорӣ мешавад ва онҳо аз ҳукумати Тоҷикистон дархост доранд, барои бозгардондани вай кумак кунад.  

Додгоҳи ҷиноии Бағдод ахиран ҳар як аз 9 зани тоҷикро, ки шавҳарони онон узви ДИИШ буданд, ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо ин гурӯҳ ба 20 сол зиндон маҳкум кард, ки Сафаргул Набиева, сокини ноҳияи Восеи вилояти Хатлон низ яке аз онон аст.

Дар ҳоли ҳозир 24 кӯдаки ин 9 зани маҳкумшуда дар парваришгоҳи Бағдод нигаҳдорӣ мешаванд ва талош бар ин аст, ки ин кӯдакон ба Тоҷикистон мунтақил ва ба бастагонашон таҳвил гарданд.

Мақомоти Ироқ муътақиданд, ки ин занони тоҷик бо нақзи қавонини Ироқ ва убури ғайриқонунӣ аз марзи ин кишвар ба ҳамроҳи шавҳаронашон, дар хоки Ироқ боздошт шудаанд ва ҳеҷ тахфифе дар ҳукми онон дода нахоҳад шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон дар гузорише ба идораи умури муҳоҷирати Созмони милал аз ҳузури 234 хонавода аз ин кишвар дар манотиқи даргирӣ дар хориҷ хабар дода буд, ки шомили 840 нафар мешаванд.