Сентябр 27, 2018 11:26 Asia/Dushanbe
  • Идомаи раванди таҳвили силоҳ ва муҳиммот дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон

Раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед дар маҷлиси назоратӣ ҳисоботи масъулинро дар бораи ихтиёрӣ супоридани яроқу аслиҳа аз ҷониби сокинон гӯш мекунад.

Ба нақл аз Азия-Плюс, дар маркази маъмурии ВМКБ шаҳри Хоруғ сокинон бо хоҳиши худ яроқ ва аслиҳаҳоеро, ки ғайриқонунӣ нигоҳ медоштанд, месупоранд.

Ҳамчунин сокинони маҳаллӣ гурӯҳҳо ташкил карда, шишаҳои сиёҳи  мошинҳоро тоза мекунанд ва худравҳоро ба қайди давлатӣ мегузоранд.

Ба иттилои манбаъ, раиси вилоят Шодихон Ҷамшед фардо, 27 сентябр маҷлиси назоратӣ баргузор карда, ҳисоботи масъулинро дар бораи маъракаи яроқсупории сокинон гӯш мекунад. 

Гуфта мешавад, яроқ ва силоҳҳои худро асосан ҷангиён ва қумандонҳои даврони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба мақомот месупоранд.