Сентябр 27, 2018 13:31 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон ва раёсати ҷадиди конфронси “Таомул ва эътимодсозии Осиё”

Раёсати конфронси “Таомул ва эътимодсозии Осиё” (Conference on Interaction and Confidence Building Measures in Asia) то соли 2020 –и мелодӣ аз Чин ба Тоҷикистон мунтақил шуд.

Маросими интиқоли раёсати Чин дар конфронси “Таомул ва эътимодсозии Осиё” (CICA) ба Тоҷикистон, дар нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви ин конфронс дар ҳошияи ҳафтодусевумин нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милал дар Ню-Йорк баргузор шуд.

Интизор меравад, ки дар даврони раёсати Тоҷикистон, CICA ба унвони яке аз бузугтарин ташаккулҳои байналмилалӣ ба аҳдофи бузурге назири барқарории амният дар Осиёи Марказӣ ва афзоиши таомулот миёни аъзои ин ташаккули байналмилалӣ даст ёбд. Дар ибтидо CICA бо ҳадафи “амнияти минтақаӣ” кори худро оғоз кард, аммо шароити феълӣ муҷиб шудааст то ин созмон аҳдофи ҷомеътаре назири барқарории амният дар кулли Осиё ва ҳамгароии кишварҳои воқеъ дар ин қораро пайгирӣ кунад. Дар ҳоли ҳозир 90 дарсад аз заминҳо ва ҷамъияти қораи куҳан бо конфронси “Таомул ва эътимодсозии Осиё” ҳамкорӣ доранд. Ин амр барои аъзои CICA аз аҳамияти зиёде бархурдор аст ва паштвонаи муҳкаме барои аъзои ин конфронс талаққӣ мешавад. Сайидмуҳаммад Миранди, коршиноси масоили байналмилалӣ ва устоди донишгоҳҳои Теҳрон пештар дар иртибот бо мушорикати Эрон дар нишастҳои CICA  гуфта буд: “Нишасти сарони CICA ба Эрон қудрати бештаре барои истодан дар баробари таҳримҳои Ғарб ва эътимодсозӣ дар заминаи барномаи ҳастаияш дар миёни кишварҳои осиёӣ медиҳад ва дар ҳақиқат иҷлоси сарони CICA ба Эрон қудрати муқобила бо таҳримҳои ҷоришуда аз сӯйи Ғарбро медиҳад”.

Конфронси “Таомул ва эътимодсозии Осиё” сакӯ (platform) –и байналмилалӣ барои иртиқои амният ва таомулоти кишварҳои осиёӣ талаққӣ мешавад. Ин конфронс кишварҳои осиёиро муттаҳид ва бо ҳадафи тақвияти таомулот ва ҳамкорӣ миёни ин кишварҳо ба манзури таъмини субот ва амният дар минтақа эҷод шудааст.

Конфронси “Таомул ва эътимодсозии Осиё” нахустин бор бо ибтикори Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон дар таърихи панҷуми октябри соли 1992 мелодӣ эҷод шудааст. Аъзои он шомил аъзои собит, нозир ва созмонҳои байналмилали ҳастанд. Сико дар ҳоли ҳозир 24 узв дорад. 9 кишвар ва 4 созмони нозир низ бо ин ташаккул ҳамкорӣ доранд. Созмонҳои байналмилалие назири Созмони Милал, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, Иттиҳодияи Араб, кишварҳои Малайзия, Ветнам, Индонезия, Ҷопон, Украина ва Амрико аз ҷумлаи кишварҳои нозир дар ин конфронс ҳастанд. Нишасти сарони СИКО ҳар 4 сол як бор ва иҷлоси Шӯрои вузарои умури хориҷа ҳар 2 сол як бор баргузор мешавад.

Дар ҳамин робита метавон гуфт, ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дар шароити ҳассос ва ошуфтае ба сар мебаранд, ки вуҷуди шароити билқувваи ноамнӣ аз ҷумлаи мавориди ҷорӣ дар тамоми ҷумҳуриҳои ин ҳавза маҳсуб мешавад. Дар ин шароит, интизор меравад раҳбарони давлати Душанбе тамоми талоши худро ба кор гиранд то дар давраи раёсати худ бар конфронси “Таомул ва эътимодсозии Осиё” роҳи содатареро барои таомул дар дастури кор қарор диҳанд.