Сентябр 27, 2018 19:59 Asia/Dushanbe
  • Рӯнамоӣ аз муҷассамаи Ҷомӣ ва Навоӣ дар Душанбе+Акс

Дар шаҳри Душанбе раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Узбакистон дар маросиме, бӯстоне ба номи Алишер Навоиро ифтитоҳ ва аз муҷассамаи Навоӣ ва Ҷомӣ дар он, рӯнамоӣ карданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, рӯзи панҷшанбе дар пойтахти Тоҷикистон бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев бӯстони Алишер Навоӣ ифтитоҳ шуд ва маврид баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Маросими рӯнамоӣ аз муҷассамаи Алишер Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ низ дар маркази ин бӯстон бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва Мирзиёев баргузор шуд.

Бӯстони Алишер Навоӣ дар хиёбони Беҳзоди шаҳри Душанбе дар замине ба масоҳати 2.23 гектар эҳдос шудааст.

Пештар пайкараҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ дар бӯстони Маркази Алишер Навоӣ дар шаҳри Самарқанди Узбекистон гузошта шуда ва хиёбоне, ки ба ин парк мунтаҳӣ мешавад, Абдураҳмони Ҷомӣ ном гирифта буд.

Насби пайкараи Абдураҳмон Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ дар Душанбе ва Самарқанд ба эҳтироми дӯстии мардуми ду кишвари Тоҷикистон ва Узбекистони сӯрат гирифтааст.

Раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Узбекистони имрӯз ҳамчунин аз маҳалли корхонаи алюминсозии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзодаи ин кишвар боздид ва сипас корхонаи “ТАЛКО-Крантас”-ро ифтитоҳ карданд.

Ин корхонаи муштаракро корхонаи алюминии “Крантас груп” сохта аст ва умдатан ба монтажи васоил ва таҷҳизоти сохтсоз машғӯл хоҳад буд.

Image Caption
Image Caption
Image Caption