Боздошти як шаҳрванди Афғонистон ҳангоми интиқоли маводи мухаддир ба Тоҷикистон
Кормандони Кумитаи давлатии гумруки Тоҷикистон аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон ҳангоми вуруд ба Тоҷикистон хабар додаанд, ки маводи мухаддирро дар дохили асбобҳои мусиқӣ ҷосозӣ карда буд.
Ба гузориши дафтари матбуоти Кумитаи гумруки Тоҷикистон, Фақир Мубин қасд дошт наздик ба ду кило маводи мухаддири ҷосозишуда дар асбобҳои мусиқиро аз гузаргоҳи марзии Панҷи Поён ба дохили Тоҷикистон мунтақил кунад, ки бо кашфи ин миқдор мавод, вай боздошт шуд.
Мақомоти гумруки гузаргоҳи Панҷи Поён дар ҷануби Тоҷикистон гуфтаанд, ки ин шаҳрванди Афғонистон наздик ба ду кило маводи мухаддирро дохили доира ва даф ҷосозӣ карда буд, ки тавассути кормандон шиносоӣ ва мусодира шуд. Акнун Фақир Мубин ба иттиҳоми ҳамли маводи мухаддир боздошт ва алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ ташкил шудааст.
Ба гуфтаи мақомоти гумруки вилояти Хатлон ин шаҳрванди Афғонистон барои бозҷӯӣ ба додситонии ин минтақа таҳвил дода шуд.
Марзи муштараки наздик ба 1 ҳазору 400 километрии Тоҷикистон ва Афғонистон яке аз масирҳои аслии вуруди маводи мухаддир ба дохили Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ва интиқоли он ба Русия ба ҳисоб меояд.