Сентябр 30, 2018 16:43 Asia/Dushanbe
  • Бунёди корхонаи истеҳсоли маводи тарканда дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо имзои тарҳе 24 гектар заминро барои сохти корхонаи тавлиди маводи тарканда дар Данғара ихтисос дод.

Ба гузориши сомонаи Спутник, ин корхона бо сармояи чинӣ сохта мешавад ва аз тавлидоти он дар корҳои инфиҷорӣ дар бахши саноат ва истихроҷи маъдан истифода хоҳад шуд.

Ин корхона муваззаф шудааст, барои ҷуброни зарарҳо дар пайи ҷудо кардани ин замин аз бахши кишоварзӣ 846 ҳазор сомонӣ ба будҷаи давлат пардохт кунад.

Маводи таркандаи истеҳсоли ин корхонаи аз нигоҳи экологӣ нисбатан тоза ва бехатар ва дар соҳаи саноату куҳкорӣ муфид арзёбӣ мешавад.

Қаблан раёсати Хадамоти назорати давлатии бехатарии кор дар соҳаи саноат ва кӯҳкории назди ҳукумати Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки хориҷиҳоро аз корҳои таркишӣ дар кишвар барканор кардаанд. Ин ниҳод дар бораи далели барканории хориҷиҳо гуфт, афроде, ки бо маводи тарканда сарукор мегиранд, бояд мавриди эътимод бошанд.