Октябр 01, 2018 10:54 Asia/Dushanbe
  • Мошинҳои боркаши Ширкати алюминиуми Тоҷикистон пушти марзҳои Туркманистон мондаанд

Мақомоти Ширкати алюминиуми Тоҷикистон (ТАЛКО) мегӯянд: Мошинҳои боркаши ин ширкат аз ҳудуди як моҳ пеш дар вурудиҳои Туркманистон мутаваққиф шудаанд.

Ба нақл аз сомонаи Осиёи Марказӣ, теъдоде аз мошинҳои боркаши ин ширкат, ки ҳомили маводи хом барои Тоҷикистон ҳастанд, дар вурудиҳои Туркманистон мутаваққиф шудаанд.  

Ҳамчунин теъдоде дигар аз мошинҳои боркаши ин ширкат бо бори маҳсулоти содиротӣ наметавонанд аз Тоҷикистон вориди қаламрави Туркманистон шаванд.

Бо тӯлонӣ шудани таваққуфи мошинҳои боркаши ТАЛКО дар вурудиҳои Туркманистон мақомоти ин ширкат дар паи ёфтани масири ҷойгузин барои интиқоли маводи хоми мавриди ниёзи ин корхона аз ҷумҳурии Озарбойҷон ва интиқоли он ба бандари Актави Қазоқистон ҳастанд.  

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои гирифтани тахфиф дар транзити маводи хоми мавриди ниёзи ТАЛКО вориди гуфтугӯ бо мақомоти ҷумҳурии Озарбойҷон шудаанд.

Масири Туркманистон барои ворид кардани маводи хом ва содироти маҳсулоти ТАЛКО кӯтоҳтарин ва камҳазинатарин роҳ аст.

Бо гузашти як моҳ аз таваққуфи мошинҳои боркаши Тоҷикистон дар вурудиҳои Туркманистон мақомоти Вазорати нақлиёти Туркманистон ба мошинҳои боркаши ширкатҳои туркияӣ, ки ба Тоҷикистон бор ҳамл мекунанд, муҷаввиз додаанд, ки масири худро ба мақсади ин кишвар идома диҳанд.