Октябр 01, 2018 15:21 Asia/Dushanbe
  • Оғози размоиши муштараки Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дар Қазоқистон

Вазорати дифои Русия аз оғози размоиши вижаи кишварҳои узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ ба мизбонии Қазоқистон хабар дод.

Ба нақл аз Форс, Вазорати дифои Русия эълом кард: Размоиши вижа ва фаннии мавсум ба “Ҷустуҷӯ-2018”-и кишварҳои узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ то 5 октябр дар майдони низомии Гвардейскии ҷануби Қазоқистон идома дорад.

Дар ин размоиш ҳамроҳ бо воҳидҳои низомӣ ва хадамоти вижаи Русия, низомиёне аз Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат кардаанд.  

Дар размоиш ҳудуди 3 ҳазор сарбоз ва афсар ва беш аз 500 васоили нақлияи низомӣ аз ҷумла ҳавопаймо ширкат мекунанд.

 

Барчасп