Октябр 01, 2018 17:30 Asia/Dushanbe
  • Ҷон бохтани 11 нафар ва ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон

Дар ду рӯзи ахир дар пайи чанд садамаи нақлиётӣ дар роҳҳои Тоҷикистон дасти кам 11 нафар ҷон бохтанд, ки чаҳор нафар аз онҳо кӯдак буданд.

Ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, шоми 30 сентябр ҳудуди соати 19:30 дар ноҳияи Лахш мошине, ки дар он 12 нафар савор буданд аз иртифои 100-120 метрӣ ба дара фурӯ рафт.

Дар натиҷа ин ҳодиса, ҳафт нафар ҷони худро аз даст доданд ва панҷ нафари дигар дар бемористон бистарӣ шуданд.

Садамаи пурқурбонӣ дар ноҳияи Лахш дар ҳоле рух додааст, ки ҳамаи қурбониён аъзои як хонавода буданд ва савор бар мошини боркаш, аз сари замини кишоварзӣ боз мегаштанд.

Дар пайи ин ҳодиса, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон (КҲФ) ронандагон ва обирон(пиёдагордон)-ро ба эҳтиёткорӣ даъват ва таъкид кардааст, ки шаҳрвандон ҳатман бояд ба воситаи васоили нақлиётие интиқол дода шаванд, ки барои интиқоли инсонҳо пешбинӣ шуда ва муҷаҳҳаз шуда бошад.

Бар асоси ин гузориш ҳамчунин як мошин, ки ронандаи он шаҳрванди Қирғизистон ва ҳомили ду мусофир аз Хорватия буд, дар километри 190 шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ ба мошини дигар, ки ронандаи он шаҳрванди 44 солаи тоҷик буд бархӯрд кард, ки бар асари он, шаҳрванди тоҷик ҷон бохт ва мусофирон бо ҷароҳат сангин ба бемористон мунтақил шуданд.

Ҳамзамон бо ин вазорати умури дохилии Тоҷикистон низ аз тасодуфҳои маргбор дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Ҳисор ва шаҳраки Бохтариён хабар дод, ки 29 сентябр рух дода ва се кушта бар ҷой гузошт.

Дар пайи тасодуфҳои ду рӯзи ахир, ки расонаӣ шуданд, 11 нафар аз ҷумла чаҳор кӯдак ҷон бохтаанд.

Гуфта мешавад, қурбониёни садамаҳои нақлиётӣ мумкин аст аз ин низ бештар бошанд, зеро ҳамаи тасодуфот расонаӣ нашудаанд.