Раиси Маркази хайрияи Малик Салмон ба Тоҷикистон сафар мекунад
(last modified 2018-10-02T13:35:56+00:00 )
Октябр 02, 2018 18:35 Asia/Dushanbe
  • Раиси Маркази хайрияи Малик Салмон ба Тоҷикистон сафар мекунад

Сафири Саудӣ дар Тоҷикистон аз сафари раиси Маркази хайрияи Малик Салмон ва мушовири Шӯрои салтанатии Саудӣ ба Тоҷикистон дар ояндаи наздик хабар дод.

Абдулазиз Муҳаммад Оли Бодӣ дар дидор бо муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон зимни баррасии масоили марбут ба тавсеаи равобити ду кишвар гуфт: Абдулазиз оли Рабиа, раиси Маркази хайрияи Малик Салмон ба зудӣ ба Душанбе сафар мекунад.

Ба эътиқоди коршиносон, барои кишварҳое монанди Қатар ва Арабистон, сармоягузорӣ дар кишварҳои дӯрдасте монанди Осиёи Марказӣ чандон бо тавҷеҳи иқтисодӣ сурат намегирад ва ҳадафи аслии ин кишварҳо тарвиҷи фирқаи ифротии салафигарӣ ва ваҳҳобият аст, ки токунун низ ба муваффақиятҳое дар ин замина даст ёфтаанд.  

Кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс ба хусус Арабистон бо таваҷҷуҳ ба сарвате, ки дар ихтиёр доранд, дар дигар бахшҳои асосии ин кишварҳо нуфуз карда ва аҳдофи махфии худро дунбол мекунанд.