“Гурӯҳи 24”: Додгоҳи Туркия Суҳроб Зафарро озод кард
(last modified Wed, 03 Oct 2018 08:24:53 GMT )
Октябр 03, 2018 13:24 Asia/Dushanbe
  • “Гурӯҳи 24”: Додгоҳи Туркия Суҳроб Зафарро озод кард

Намояндагони "Гурӯҳи 24” мегӯянд, додгоҳи Туркия рӯзи дувуми октябр ҳукми озодии Суҳроб Зафар, раҳбари ин созмони мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистонро содир ва дархости Душанбе барои истирдоди ӯро рад кард.

Суҳроб Зафар рӯзи 19 – уми марти соли 2014 дар шаҳри Истанбул бо дархости мақомоти Душанбе дастгир шуда буд.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, Нуриддин Ризоӣ, масъули бахши равобити байналмилалии созмони дар Тоҷикистон мамнуи “Гурӯҳи 24” рӯзи дувуми октябр дар сафҳаи шахсиаш дар Фейсбук хабар дод, додгоҳи Туркия ҳукми озодии раҳбари ин созмонро содир кардааст.

Нуриддин Ризоӣ ба сомонаи “Ахбор” гуфт, додгоҳи Туркия ҳамчунин иттиҳомоти мақомоти Тоҷикистон алайҳи Суҳроб Зафарро рад кардаанд.

Намояндагони “Гурӯҳи 24” бино бар мулоҳизоти амниятӣ ҷузъиёти бештаре аз ҳукми озодии Суҳроб Зафарро шарҳ надоданд.

Суҳроб Зафар (Суҳроб Тӯраев) раҳбари 40 - солаи созмони дар Тоҷикистон мамнуи “Гурӯҳи 24”, ки аз соли 2014 дар Туркия ба сар мебарад, рӯзи 19 –уми март ба ҳамроҳи Насим Шарифов, намояндаи ин созмон, аз сӯйи полиси Истанбул дастгир шуд.

Ин ду мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон соли 2014 низ ба ҳамроҳи Умаралӣ Қувватов, поягузори “Гурӯҳи 24” ба дархости Душанбе дар Туркия дастгир шуда буданд, вале мақомоти Туркия аз истирдоди онҳо ба Тоҷикистон худдорӣ карданд.

Суҳроб Зафар ба хотири фаъолиятҳояш дар созмони дар Тоҷикистон мамнуи “Гурӯҳи 24” таҳти пайгарди Полиси Байналмилалӣ (Интерпол) буд.

Номи Суҳроб Зафар дар феҳристи афроди муртабит бо терроризм, ки Бонки Миллии Тоҷикистон моҳи март мунташир кард, низ зикр шудааст.

Додгоҳи қонуни асосии Туркия истирдоди Суҳроб Зафарро ибтидо барои се моҳ ва сипас барои як сол мутаваққиф карда буд.