Октябр 06, 2018 10:01 Asia/Dushanbe
  • Ҷамъоварии силоҳҳои ғайриқонунӣ дар вилояти Бадахшон то 15 октябр

Раиси тозатаъйини вилояти Бадахшон гуфт, тамоми силоҳҳои ғайриқонунии ин минтақа то 15 –уми октябри соли ҷорӣ ҷамъоварӣ хоҳад шуд.

Ба гузориши сомонаи “ТОП Тҷ”, Ёдгор Файзов пас аз дидор бо чанд тан аз фармондеҳони собиқи гурӯҳҳои мусаллаҳ дар вилояти Бадахшон гуфт, барои барқарории назм ва амнияти умумӣ дар ин минтақа, тамоми силоҳҳои ғайриқонунӣ то 15 – уми октябри соли ҷорӣ ҷамъоварӣ хоҳад шуд.

Вай таъкид кардааст, то 15 –уми октябри соли ҷорӣ, ки замони таъйиншуда аз сӯйи Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷамъоварии силоҳҳои ғайриқонунӣ, ки дар дасти мардум дар вилояти Бадахшон аст, ин силоҳҳо таҳвили мақомоти амният ва интизомӣ хоҳад шуд.

Раиси вилояти Бадахшон аз ҳамкории мардум ва шахсиятҳои саршиноси ин минтақа барои ҷамъоварии силоҳҳои ғайриқонунӣ ибрози ризоият кардааст.

Гуфта мешавад, ки тайи 20 рӯзи ахир 150 қабза аслиҳаи мухталиф таҳвили мақомоти амният ва интизомӣ шудааст.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 15 – уми сентябри соли ҷорӣ дар поёни сафари панҷрӯзаи худ ба вилояти Бадахшон, ба масъулони ин вилоят як моҳ мӯҳлат дода буд то назму амнияти умумиро дар ин вилоят барқарор кунанд.

Ба дунболи ин дастур, раисҷумҳури Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, раиси вилояти Бадахшон, муовинони вай, раиси полис, раиси додгоҳ ва раиси полиси роҳнамоӣ ва ронандагии вилояти Бадахшон, раисони полиси шаҳри Хоруғ, маркази ин вилоят ва чаҳор ноҳияро барканор ва афроди дигареро ба ҷойи онон мансуб кард.