Сентябр 10, 2016 09:14 Asia/Dushanbe
  • Бекорӣ амнияти миллии Тоҷикистонро таҳдид мекунад

Коршиноси руси масоили Осиёи Марказӣ яке аз мушкилоти умдаи Тоҷикистонро мавзӯи бекорӣ номид.

Ба гузориши "EAdaily", Александр Шустов гуфтааст, ки Тоҷикистон дар даврони истиқлоли худ натавонист мушкили бекориро ҳаллу фасл кунад, аз ин рӯ бо вуҷуди буҳрони молӣ дар Русия, бештари шаҳрвандони Тоҷикистон тарҷеҳ медиҳанд барои кор ба Русия муҳоҷират кунанд.

Ин коршиноси рус афзуд, ин дар ҳолест, ки дар ду сол ахир даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ аз Русия ба як саввум коҳиш ёфта ва шароити фаъолияти ин афрод низ сахт шудааст.

Шустов ҳамчунин таъкид кард, ки яке аз авомили умдаи пайвастани шаҳрвандони Тоҷикистон ба гурӯҳи террористии ДИИШ дар Сурия бекорӣ аст, аз ин рӯ бетаваҷҷуҳии давлати Тоҷикстон ба ин мушкил метавонад барои амнияти миллии ин кишвар хатарофарин бошад.

Бар асоси гузориши Бонки миллии Тоҷикистон, дар шаш моҳи нахусти имсол даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ аз Русия ба кишварашон дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 22 дарсад коҳиш ёфтааст.

Бо ин ҳол, ба назар мерасад, ки ҳукумати Тоҷикистон барои ҳалли мушкили бекорӣ дар ин кишвар барномаи ҷиддӣ надорад ва ҳамчунон ба думболи эъзоми нерӯи кори арзони худ ба дигар кишварҳост.

 

Барчасп