Октябр 06, 2018 20:16 Asia/Dushanbe
  • Ҳукми ғоибонаи Додгоҳи олии Тоҷикистон барои Муҳиддин Кабирӣ

Додгоҳи олии Тоҷикистон пушти дарҳои баста ва ба сурати ғоибон Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломиро ба ҳабси тӯлонимуддат маҳкум кард.

Ба гузориши сомонаи Ахбор навишт, як манбаи Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфтааст, ба далели маҳрамона будани ин парванда, наметавонад муддати замони ҳабси Кабириро ошкор кунад.

Пеш аз ин Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси ин додгоҳ дар нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон дар шаҳри Душанбе гуфта буд, иттиҳоми Муҳиддин Кабирӣ хиёнат ба ватан, мушорикат дар шӯриш барои барандозии низоми сиёсӣ ва фаъолият дар таркиби гурӯҳи террористӣ аст.

Дар ин додгоҳ Муҳиддин Кабирӣ ба таври ғоибона бо 16 маврид иттиҳоми мухталиф муҳокима шуд.

Ин дар ҳоле аст, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон баҳори гузашта ба иллати ҳузур надоштани Муҳиддин Кабирӣ дар дохили кишвар, баррасии парвандаи ҷиноии вайро ба таври муваққат мутаваққиф карда буд.

Раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ пас аз интихоботи парлумонии моҳи марти соли 2015, ки ҳизбаш натавонист намояндае ба Маҷлиси қонунгузории ин кишвар бифиристад, аз Тоҷикистон хориҷ шуд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2015 фаъолияти ҳизби наҳзати исломии ин кишварро мамнӯъ кард ва номи ин ҳизбро дар феҳрасти гурӯҳҳои террористӣ қарор дод.