Октябр 06, 2018 21:23 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Сандуқи Байналмилалии Пул бар лағви муҷаввизи ду бонки тоҷикистонӣ

Сандуқи Байналмилалии Пул (IMF) лағви муҷаввизи ду бонки бузурги Тоҷикистонро хостор шуд.

Ба гузориши сомонаи Фарғона, ҳайати эъзомии Сандуқи байналмилалии пул дар музокира бо мақомоти иқтисодии Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки бонкҳои “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”-и ин кишварро варшикаст, эълом кунад ва ба фикри лағви муҷаввизи фаъолияти ин ду ниҳоди молӣ ва низ ислоҳот дар низоми бонкии ин ҷумҳурӣ бошад.

Падамҷа Ханделвал, мудири дафтари Сандуқи байналмилалии пул дар ин музокирот аз тарафи тоҷикистонӣ хостааст, пули муштариёнро пардохт кунад.

Вай ҳамчунин тавсия кардааст, Ҳукумати Тоҷикистон барои наҷоти ин ду бонки буҳронзада, манобеи молии давлатиро ҳазина кунад ва ё пас аз лағви муҷаввизи онҳо ду бонки ҷадид таъсис кунад.

Дар пайи бурузи буҳрон дар низоми бонкии Тоҷикистон дар соли 2015 ва нотавонии бонкҳо дар бозпардохти талаби муштариён, ду бонки “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” лағви муҷаввиз ва ду бонки “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” низ бо мушкили мушобеҳ рӯбарӯ шуданд.

Тоҷикистон аз соли 2012 бо Сандуқи байналмилалии пул дар заминаи дарёфти 500 миллион доллар вом аз ин ниҳоди молӣ дар ҳоли музокира аст, ки ба иллати ихтилофи назари ду тараф, ҳанӯз ҳам ниҳоӣ нашудааст.