Камтар аз як доллар даромади рӯзонаи 17 дарсади ҷамъияти Тоҷикистон
(last modified Mon, 08 Oct 2018 05:58:33 GMT )
Октябр 08, 2018 10:58 Asia/Dushanbe
  • Камтар аз як доллар даромади рӯзонаи 17 дарсади ҷамъияти Тоҷикистон

Барномаи ғизо ва кишоварзии Созмони милали муттаҳид (ФАО) эълом кард, ки 17 дарсад аз мардуми Тоҷикистон бо даромади рӯзона камтар аз як доллар зиндагӣ мекунанд.  

Ба нақл аз Тоҷикта, ин созмон дар гузориши худ, ки натиҷаи таҳқиқи коршиносӣ дар  августи имсолро шомил мешавад, ҳамчунин афзудааст, ки ниме аз ҷамъияти беш аз 9 миллион нафарии Тоҷикистон низ бо даромади рӯзона як доллару 33 сент рӯзгор мегузаронанд.  

Ин дар ҳолест, ки бар асоси шохисҳои Бонки ҷаҳонӣ мардуме, ки даромади рӯзонаи онҳо камтар аз як доллару 90 сент бошад, фақир ба ҳисоб меоянд.  

Ҳукумати Тоҷикистон муътақид аст, ки мизони фақр дар ин кишвар 29.7 дарсад мебошад ва шохиси фақри мутлақ низ 14 дарсадро ташкил мекунад.

Дар гузориши ФАО таъкид шудааст, ки ба далели воқеъ шудани аксари корхонаҳои санъатӣ ва марокизи тавлидӣ дар шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистон мизони фақр дар ин манотиқ камтар аст, аммо ин шохис дар вилоятҳои Хатлон ва Бадахшон ва манотиқи марказии Тоҷикистон бештар мушоҳида мешавад.