Октябр 09, 2018 14:15 Asia/Dushanbe
  • Дархости муҷозоти сангин барои омили қатли муҳоҷирони тоҷик

Додситони парвандаи низоъ ва куштор дар оромгоҳи Хованскоеи шаҳри Маскав, пойтахти Русия барои омили аслии ин ҷиноят 13 сол зиндон бо шароити сахтро дархост кардааст.

Ба гузориши пойгоҳи интернетии нашрияи русии “Коммерсант” Юрий Чабуев, раиси бахши хадамоти кафан ва дафни майитҳо дар оромгоҳи Хованское омил ва муҳаррики аслии низои дастаҷамъӣ дар ин оромгоҳ шудааст.

Ин ҳодиса рӯзи 14 – уми майи соли 2016 мунҷар ба қатли се муҳоҷири кории тоҷик бо номҳои Суҳроб Хушаков, Иноят Сайиднуриддинов, Сайиднуруддин Собиров шуд ва даҳҳо маҷрӯҳ низ барҷой гузошт.

Дар маҷмуъ 200 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар оромгоҳи Хованское фаъолият доштанд, ки афзун бар кушта шудани се нафари ёдшуда, теъдоде аз тоҷикон низ бар асари низои соли 2016 маҷрӯҳ ва ё ба дасти полис боздошт шуданд.

Ҳамасола беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон барои ёфтани кор роҳии Русия мешаванд.