Кашфи як маъбади буддоии зеризаминӣ дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i38710-Кашфи_як_маъбади_буддоии_зеризаминӣ_дар_Тоҷикистон
Бостоншиносони тоҷик дар вилояти Хатлон як маъбади бостонии буддоиро дар зеризамин кашф карданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 13, 2018 13:39 Asia/Dushanbe
  • Кашфи як маъбади буддоии зеризаминӣ дар Тоҷикистон

Бостоншиносони тоҷик дар вилояти Хатлон як маъбади бостонии буддоиро дар зеризамин кашф карданд.

Ба гузориши сойти Фарғона, ин маъбади буддоии зеризаминӣ дар минтақаи Фахрободи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон кашф шуд.

Ба гуфтаи Саидмурод Бобомуллоев, Мудири мӯзеи миллии осори бостонии Тоҷикистон, ин маъбади буддоӣ дар абъоди 5 дар 6 метр сохта шуда ва дар канори он чаҳор утоқи кӯчак низ қарор гирифтааст.

Меъмории ин маъбади буддоӣ нишон медиҳад, ки эҳтимолан мутааллиқ ба 7-8 қарн қабл аз милод аст.

Ин бостоншиноси тоҷик афзуд, дохили маъбад аз санги якпорча ҳак шуда ва дорои намое гунбадӣ шакл аст ва дар қисмати болоии маъбад низ фурӯрафтагӣ ба сурати панҷара(равзана) вуҷуд дорад, ки эҳтимолан барои нуфузи нур ба дохили маъбад дарназар гирифта шудааст.