Октябр 16, 2018 17:29 Asia/Dushanbe
  • Оғози ҳаштумин Ҷашнвораи байналмилалии филми “Дидор” дар Тоҷикистон

Оғози ҳаштумин Ҷашнвораи байналмилалии филми “Дидор” дар шаҳри Душанбеи пойтахти Тоҷикистон гушоиш ёфт.

Ба нақл аз Форс, ҳаштумин Ҷашнвораи байналмилалии филми “Дидор” дар пойтахти Тоҷикистон бо ҳузури 70 филм ва аниматсия аз имрӯз ба муддати 4 рӯз кори худро оғоз кард.  

Илова бар ҷумҳурии исломии Эрон, осоре аз кишварҳои Афғонистон, Узбакистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Муғулистон, Русия, Ҳинд ва чанд кишвари дигар дар бахшҳои мухталифи ин ҷашнвора ҳузур доранд.  

Ин ҷашнвора аз сӯи давлати Тоҷикистон, муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва бо ҳимояти молии дафтари ҳамкориҳои Швейтсария ва шуъбаи бунёди байналмилалии “Ҷомеаи боз” дар Душанбе баргузор мешавад.

Дар чорчуби ин ҷашнвора, барномаи ҷудогонае бо унвон “Мусобиқаи филми миллӣ” бо ҳадафи муаррифии филмҳои синамогарони ҷавони Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.