Октябр 16, 2018 19:51 Asia/Dushanbe
  • Ҷазби беш аз 5 миллиард доллар сармояи хориҷӣ дар иқтисоди Тоҷикистон

Раисҷумҳури Тоҷикистон аз ҷазби беш аз 5 миллиард доллар сармояи хориҷӣ дар иқтисоди кишвар дар 5 соли ахир хабар дод.

Ба нақл аз Форс, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар Нишасти байналмилалии соҳибкорон дар Душанбе гуфт: Ҳудуди 2 миллиард доллар аз ин рақам сармоягузории мустақим аст, ки ба таври умда барои тавсеаи тавлидоти санъатӣ, бахши сохтмонсозӣ, энержӣ ва гардишгарӣ ҳазина шудааст.

Раҳмон афзуд: Ҳамчунин дар як соли ахир саҳми бахши хусусӣ дар сохтори тавлиди нохолси дохилии Тоҷикистон афзоише 70 дарсадӣ ва саҳми бахши саноеъ афзоише 17 дарсадӣ доштааст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон афзоиши содироти маҳсулоти санъатӣ ба вижа семент, гач, маводи рангӣ, санги маъдан, кансерви мева ва сабзавот, фарш ва порчаҳои пахтагиро қобили таваҷҷуҳ тавсиф кард.

Дар ин нишаст афзун бар бозаргонон ва соҳибкорони Тоҷикистон, масъулони созмонҳои молии байналмилалӣ, сармоягузорон ва намояндагони ширкатҳои беш аз 20 кишвари ҷаҳон ширкат карданд.