Октябр 17, 2018 10:16 Asia/Dushanbe
  • Эъломи далели аслии афзоиши қимати барқ дар Тоҷикистон

Ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” иллати аслии афзоиши қимати барқ дар Тоҷикистонро эълом кард.

Ба гузориши сомонаи “Ахбори Осиёи Марказӣ”, мақомоти ширкати “Барқи Тоҷик” гуфтаанд, ки далели умдаи 15 дарсад афзоишм қиматм барқ дар Тоҷикистон аз аввалм моҳм ноябр, қарзи ин ширкат мебошад.

Ба андешаи ин мақомоти ширкати давлатии “Барқ Тоҷик” бо қимати қаблии барқи масрафӣ наметавонад қарзи худро пардохт кунад ва ниҳодҳои молии байналмилалӣ низ бо ин қимат маводи мавриди ниёз барои тармими таъсисоти барқии ин кишварро ихтисос намедиҳанд.

Қарзи ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” наздик ба ду миллиарду 200 миллион сомонӣ эълом шудааст.

Бинобар эъломи қаблии ширкати “Барқи Тоҷик”, мардуми Тоҷикистон аз аввали ноябри имсол барои ҳар киловатт соат барқ 19.3 дирам пардохт хоҳанд кард.

Ҳамакнун қимати масрафи ҳар киловатт соат барқ барои мардуми Тоҷикистон 16.8 дирам аст.

Ин бор дувум дар як соли ахир аст, ки қимати барқ дар Тоҷикистон афзоиш меёбад.

Пеш аз ин Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон дар бораи барномае, ки дар бахши барқ барои се соли оянда таҳия шудааст, эълом карда буд, ки қимати барқ соли 2020 дар ин кишвар барои бахши хонагӣ ба 20 дирам хоҳад расид.

Ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” бо интишори баёнияе аз мардум хостааст, ки барои таъмини барқи мавриди ниёзи хеш пули барқи масрафиро ба мавқеъ пардохт кунанд.