Октябр 17, 2018 12:43 Asia/Dushanbe
  • Таъкид бар ҷалби бештари сармояи муҳоҷирони тоҷик барои рушди Тоҷикистон

Дар нишасте дар шаҳри Душанбе - пойтахти Тоҷикистон бар ҷалби сармояи муҳоҷирони тоҷик барои рушди ин кишвар таъкид шуд.

Ба гузориши “Ховар”, дар нишасте, ки рӯзи гузашта бо ҳузури мақомоти ҳукуматӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятҳои тоҷикони муқими хориҷ дар муҷтамаи “Душанбе Плаза” баргузор шуд, роҳҳои тақвияти заминаҳо ва суръат бахшидани раванди ҷалби сармояи муҳоҷирони тоҷик барои рушди Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Дар ин нишаст намояндагони ҳукумати Тоҷикистон Сумангул Тағойзода, вазири кор ва умури муҳоҷират, Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи башар ва Саидасрор Саидов, сардори раёсати муҳоҷирати Вазорати кор ва умури муҳоҷират эълом карданд, барномаҳое дар ростои ҷалби сармояҳои молии муҳоҷирони тоҷик ва тоҷикони бурунмарзӣ ҷиҳати рушд ва шукуфоии бештари Тоҷикистон дар дастури кори ҳукумат қарор гирифтааст.

Дар ин замина ба таври ихтисосӣ ба саҳм гирифтани тоҷикони муқими хориҷ дар тарҳҳои иқтисодии вижаи 30 -юмин солгарди истиқлоли Тоҷикистон таъкид шуд.

30 – юмин солгарди истиқлоли Тоҷикистон дар соли 2021 таҷлил мешавад