Октябр 18, 2018 12:12 Asia/Dushanbe
  • Боздошти додарзодаи Толиб Аёмбеков дар вилояти Бадахшон

ТВ Бадахшон хабар дод, ки 5 нафар дар посгоҳи Бидури ноҳияи Шуғнон дар пайи муқобилият ва латукӯби кормандони милитсия дастгир шудаанд. Яке аз боздоштшудаҳо Абдураҳмон Аёмбеков, додарзодаи Толиб Аёмбеков, яке аз лидерони ғайрирасмии вилояти Бадахшон будааст.

Ба нақл аз Ахбор, 15 октябр дар посгоҳи БДА дар мавзеи Бидури ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнон як мошин манъ карда шуд. Ронандаи мошин Бодуров Навоӣ Шолиевич, санаи таваллудаш 20 апрели соли 1987, истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ, кӯчаи Панфилов, 15 ҳангоми санҷиши ҳуҷҷатҳои ронандагӣ дар посгоҳ ба талаботи кормандони милитсия итоат накарда, талош кард, то аз ҷои ҳодиса фирор кунад.

Дар гузориши ТВ Бадахшон дида мешавад, ки ронанда мошинро тоб дода, мехоҳад фирор кунад, вале як корманди БДА худро болои он мепартояд. Бо ин вуҷуд, ронанда ба рондани мошин идома медиҳад. Дар гузориши телевизионӣ гуфта мешавад, ки Бодуров корманди БДА-ро 300 метр кашола карда бурдааст.

Кормандони милитсия ин мошинро дар ниҳоят манъ карда, ронанда ва мусофирони онро дастгир карданд.

Навоӣ Бодуров, Амид Давлатҷонов, Мақсад Мазоров, Фахриддин Давлатов ва Абдураҳмон Аёмбеков дар посгоҳи Бидур дастгир шуданд

Дар гузориш гуфта мешавад, ки ин 5 нафар бо кормандони милитсия вориди муноқиша шуда, онҳоро латукӯб кардаанд. Ташхис нишон додааст, ки онҳо дар ҳолати сархушӣ қарор доштанд.

ТВ Бадахшон мегӯяд, бахши тафтишоти РВКД дар робита ба ин ҳодиса парванда оғоз карда, ин 5 нафари боздоштшударо ба ҳабси пешакӣ гирифтаанд.

Толиб Аёмбеков дар қатори Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, Ёдгор Шомусалламов, Мунаввар Шанбиев, Хурсанд Мазориеваз ҷумлаи лидерони ғайрирасмие шумурда мешавад, ки дар вилояти Бадахшон аз нуфуз ва таъсири хосе бархӯрдоранд.

Рӯзи 15 сентябри соли ҷорӣ дар мулоқот бо фаъолон ва роҳбарони вилояти Бадахшон президент Эмомалӣ Раҳмон башиддат аз вазъи ҷиноӣ дар ин вилоят интиқод кард ва роҳбарони Бадахшонро айбдор кард, ки зӯрашон барои саришта кардани "се-чор ҷинояткор” намерасад. Президент барои барқарор кардани тартибот дар вилоят як моҳ фурсат дод.