Октябр 19, 2018 20:31 Asia/Dushanbe
  • Ҷон бохтани ду шаҳрванди тоҷикистонӣ дар марзи Афғонистон

Ду нафар аз сокинон рустои Қавоқи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар вилояти Хатлони Тоҷикистон бар асари бархурд бо мина дар наздикии марзи Афғонистон ҷони худро аз даст доданд.

Ба гузориши сомонаи Азия-Плюс, Орзу Содиқови 22-сола ва Зуҳуршоҳ Раҳматови 29-сола дар ҳоли шикор буданд, ки бар асари бархурд бо минаи боқимонда аз замони ҷанги дохилии Тоҷикистон дар даҳаи 1990 дар наздикии марзи муштараки ин кишвар бо Афғонистон ҷон бохтанд.

Мақомоти додситони низомии минтақаи Кӯлоб баррасии ин ҳодисаро оғоз кардаанд.

Гуфта мешавад, ки ин минаҳо дар замони ҷанги дохилии Тоҷикистон дар солҳои 1992 то 1997 дар ин минтақаи марзӣ бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз вуруди ҷангҷӯёни гурӯҳҳои мухолифи давлати вақти Душанбе гузошта шудааст.

Дар соли 2017 низ ду бародари 13 ва 14-сола аз рустои Қавоқи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бар асари бархурд бо мина дар наздикии марзи Афғонистон захмӣ шуданд.

Маркази миллии поксозии майдонҳои минагузоришудаи Тоҷикистон дар гузорише эълом кардааст, ки дар бист соли ахир бар асари бархурд бо мина дар дохили ин кишвар ва марзи муштарак бо Узбакистон ва Афғонистон 374 шаҳрванди тоҷик кушта ва 465 нафар захмӣ шудаанд.

Ҳамчунин ҳангоми беасарсозии мина ду муҳандиси тоҷик ҷони худро аз даст додаанд.

Давлати Узбакистон дар солҳои 1999 то 2000 марзи муштараки худ бо Тоҷикистонро ба таври якҷониба минакорӣ кард, ки акнун Тошканд ва Душанбе кори поксозии ин манотиқ аз минаҳоро оғоз кардаанд.