Вуқӯи зилзилаи шадид дар Мурғоби Тоҷикистон
(last modified Sat, 20 Oct 2018 09:05:11 GMT )
Октябр 20, 2018 14:05 Asia/Dushanbe
  • Вуқӯи зилзилаи шадид дар Мурғоби Тоҷикистон

Шоми 19 – уми октябр соати 18:25 дақиқа бо вақти маҳаллӣ заминларзаи 5.1 риштерӣ минтақаи Мурғоб, дар вилояти Бадахшони Тоҷикистонро такон дод.

Ба гузориши марокизи зилзиланигории ҷаҳон, маркази ин заминларза ноҳияи Мурғоби вилояти Бадахшони Тоҷикистон, дар қисмати марзӣ бо Шинҷони Чин будааст.

Марказҳои зилзиланигорӣ умқи ин зилзиларо 115 километрии замин ва дар фосилаи 27 километрӣ аз маркази ноҳияи Мурғоб арзёбӣ кардаанд.

 Бино ба гуфтаи бархе аз сокинони Душанбе, дар пойтахти Тоҷикистон низ ин заминларза эҳсос шудааст.

То ҳол дар бораи хисорот ва паёмадҳои ин заминларза иттилое ироа нашудааст.