Баҳси иҷроишудани дубораи маҳдудияти интиқоли барқ дар Тоҷикистон миёни мардум ва давлат
Ширкати давлатии барқи тоҷик аз мардуми Тоҷикистон дархост кардааст, ки барои таъмини барқ дар манзилҳои маскунӣ бояд бидиҳии худро бобати барқ тасвия намоянд.
Ба нақл аз сомонаи ахбори Осиёи марказӣ, дар ҳоле ки як моҳ аст мардум ба далели сард шудани ҳаво дар шуморе аз ноҳияҳои Тоҷикистон аз иҷроишудани дубораи маҳдудияти интиқоли барқ шикоят мекунанд, ширкати давлатии Барқи тоҷик хостори пардохти ба мавқеъи пули барқи масрафӣ шудааст.
Ин ширкат эълом кардааст, ки мардуми Тоҷикистон барои муколимаҳои телефонии худ ҳеҷ маблағеро дареғ намекунанд, аммо замони пардохти қабзи барқи масрафӣ ба худ иҷоза медиҳанд, ки моҳҳо пулро пардохт накунанд.Аз ин ру аз мардум тақозо мешавад, ки бо сарфаҷуӣ дар масрафи барқ, қабзҳои худро рӯзи 15-уми ҳар моҳ дар шуъбаҳои Амонатбонк пардохт кунанд, то аз ин неъмат ҳамвора бархурдор бошанд.
Ин дарҳолест, ки сомонаи "барқ нест" дар Тоҷикистон, ки солҳои зиёде аст раванди интиқоли барқ ба хонаҳои мардуми ин кишварро расад мекунад, навишта ки дар рӯзи 20 октябр соли равон наздик ба 20 шаҳр ва ноҳияҳои ин ҷумҳурии мардум танҳо 6 то 10 соат дар шабона рӯзи барқ доштанд.
Пеш аз ин ширкати давлатии Барқи тоҷик иҷроии дубораи маҳдудияти интиқоли барқ дар Тоҷикистонро идомаи таъмир дар хутути интиқоли барқ дар ин кишвар ва омилҳои фаннӣ эълом карда буд.