Ҳушдори ситоди барқарории назм ва амнияти умумӣ дар Бадахшон ба баргузории ҷамъомадҳо
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i38898
Ситоди барқарории назм ва амнияти умумӣ дар вилояти Бадахшон ба саркардагони гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноӣ дар ин минтақа ҳушдор додааст, ки аз баргузории ҳар гуна ҷамъомадҳо, нишастҳо ва гирдиҳамоиҳо ҷиддан худдорӣ кунанд, ки бо вокуниши сареъи неруҳои амниятӣ ва интизомӣ мувоҷеҳ хоҳанд шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 21, 2018 12:12 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори ситоди барқарории назм ва амнияти умумӣ дар Бадахшон ба баргузории ҷамъомадҳо

Ситоди барқарории назм ва амнияти умумӣ дар вилояти Бадахшон ба саркардагони гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноӣ дар ин минтақа ҳушдор додааст, ки аз баргузории ҳар гуна ҷамъомадҳо, нишастҳо ва гирдиҳамоиҳо ҷиддан худдорӣ кунанд, ки бо вокуниши сареъи неруҳои амниятӣ ва интизомӣ мувоҷеҳ хоҳанд шуд.

Ба гузориши хабаргузории давлатии Ховар, ин ситод бо интишори баёнияе таъкид кардааст, ки тайи як моҳи амалиёти барқарори назм ва амнияти умумӣ дар вилояти Бадахшон аз саркардагони гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноии созмонёфта 186 силоҳ мусодира шуд.

Аммо Толиб Айёмбеков, Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров, Ёдгор Муҳаммадасламов, Хурсанд Мазоров, Мунаввар Шанбеев саркардагони гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноии созмонёфта дар маҳаллаҳо, ресторанҳо, қаҳвахонаҳо ва манзилҳои хусусии сокинони шаҳри Хоруғ маркази вилояти Бадахшон бо баргузории ҷамъомадҳо қасд доранд ҷавонони ноогоҳро барои пайвастан ба ин гурӯҳҳо даъват мекунанд, ки ба унвони мушорикат дар фаъолияти ин созмонҳои ғайриқонунӣ маҳсуб мишавад.

Аз ин рӯ ситоди барқарории назму амнияти умумӣ дар вилояти Бадахшон ҳушдор медиҳад, ки ин иқдомот хилофи қонун аст ва дар сурати идомаи ин навъ ҷамъомадҳо, бо онҳо бархурди қотеъ хоҳад шуд.

Ҳамчунин ба моликони ин марказҳо ва манзилҳои хусусӣ низ ҳушдор дода шудааст, ки дар сурати идомаи таҷаммӯъи саркардагони гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноии созмонёфта дар бораи бастани ин маконҳо ва мусодираи онҳо низ тасмимоти ҳуқуқӣ гирифта хоҳад шуд.

Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон понздаҳуми сентябри гузашта дар поёни сафари панҷрӯзаи худ ба вилояти Бадахшон ба вазири умури дохила ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ як моҳ фурсат дода буд, то назму амнияти умумиро дар ин вилоят барқарор кунанд.