Ҷон бохтани ду муҳоҷири тоҷик дар таркиши Ленинград
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i38900-Ҷон_бохтани_ду_муҳоҷири_тоҷик_дар_таркиши_Ленинград
Дар пайи инфиҷори рӯзи 19 октябр дар як корхонаи тавлиди маводи оташбозӣ (пиротехника) дар вилояти Ленингради Русия, ду муҳоҷири тоҷик ҷон бохтанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 21, 2018 09:28 Asia/Dushanbe
  • Ҷон бохтани ду муҳоҷири тоҷик дар таркиши Ленинград

Дар пайи инфиҷори рӯзи 19 октябр дар як корхонаи тавлиди маводи оташбозӣ (пиротехника) дар вилояти Ленингради Русия, ду муҳоҷири тоҷик ҷон бохтанд.

Ба гузориши манобеи хабарии тоҷикӣ, Намояндагии вазорати кор, муҳоҷират ва шуғли аҳоли Тоҷикистон дар Русия дар ин бора гуфт, бар асоси иттилооти дарёфтӣ, дар натиҷаи ин инфиҷор чаҳор нафар ҷон бохта ва 11 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Иброҳим Аҳмад сухангӯи Намояндагии вазорати кор, муҳоҷират ва сарконсули Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петерибург афзуд, ки ду нафар аз қурбониёни ин ҳодиса аз шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.

Ба гуфта вай, бар асоси иттилооти бадастомада дар ин корхона дар маҷмӯъ чаҳор муҳоҷир аз Тоҷикистон кор мекарданд.

Намояндагии вазорати кор, муҳоҷират ва сарконсули Тоҷикистон дар Санкт-Петербург ваъда дода тамоми талоши худро хоҳад кард, то ҳувияти шаҳрвандон мушаххас шуда ва ҷасади онҳо ҳар чӣ зудтар ба ватан мунтақил шавад.

Кумитаи бозрасии Русия дар робита бо ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ ташкил додааст.