Сафари кории раисҷумҳури Тоҷикистон ба вилояти Суғд
(last modified Mon, 22 Oct 2018 07:49:19 GMT )
Октябр 22, 2018 12:49 Asia/Dushanbe
  • Сафари кории раисҷумҳури Тоҷикистон ба вилояти Суғд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, субҳи имрӯз бо сафари корӣ ба вилояти Суғд рафт.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, мақсади сафари Эмомалӣ Раҳмон шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим ва суҳбату мулоқот бо сокинон мебошад.

Ба иттилои манбаъ нахуст дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд қитъаи роҳи мошингарди “Деҳмой-Меҳробод-Маданият”-ро пас аз навсозии пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани қитъаи роҳи мошингарди Деҳмой-Меҳробод-Маданият, марҳилаи якуми лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Хуҷанд-Исфара пурра амалӣ гардид.