Талоши Тоҷикистон барои бозгардондани шаҳрвандони худ аз гурӯҳҳои террористӣ
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба онҳое, ки ба хориҷ аз ҷумла Сурияву Ироқ рафта ба сафи гуруҳҳои ифротӣ пайвастаанд, ва ё ба ифротгароӣ муттаҳам мешаванд, муроҷиат карда ва гуфтааст, агар майли бозгашт ба ватан доранд, бо мақомот тамос бигиранд.
Дар як эълони вазорати корҳои дохилӣ, ки дар ҳафтаномаи вазорат нашр шудааст, омадааст, «Ба ҳамаи онҳое, ки мақсади баргаштан ба ватанро доранд, муроҷиат менамоем,ки ба Раёсати мубориза ба зидди ҷиноятҳои муташаккилонаи вазорат муроҷиат кунанд.”
Дар нашрияи «Қонун ва Ҷомеа» омадааст, ин афрод ҳар ҷое, ки набошанд, метавонанд, мустақим бо шумораи телефони +992 93 444 00 66 ба ин раёсат аз тариқи Вайбер, ИМО, Телеграм ва Вотсапу Вичат муроҷиат кунанд ва “кафолати ҳимояи шахсӣ, ҳавасмандгардонӣ ва хабардор намудани муроҷиаткунанда аз натиҷаи баррасии масъала таъмин карда мешавад.”