Коршиносон ҷонибдори бекор кардани иҷозатномаи ду бонки буҳронзадаи Тоҷикистон
Коршиносони умури иқтисодии Тоҷикистон талошҳо барои наҷоти ду бонки буҳронзадаи “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” - ро бенатиҷа дониста, хостори бекор кардани иҷозатномаи фаъолияти ин ду ниҳоди молӣ шудаанд.
Ба гузориши сомонаи “Азия плюс”, Алӣ Ализода гуфтааст, ки кумакҳои молии чандмиллиардсомонии Ҳукумати Тоҷикистон ба ин ду бонки буҳронзада низ натавонист шароити ногувори ин ду ниҳоди молиро тағйир диҳад ва акнун танҳо роҳи боқимонда лағви муҷаввизи фаъолияти “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” аст.
Ба гуфтаи вай, дар соли 2017 ҳукумат барои наҷоти “Тоҷиксодиротбонк” аз варшикастагӣ ду миллиарду 250 миллион сомонӣ ва барои “Агроинвестбонк” як миллиарду 70 миллион сомонӣ кумаки молӣ ихтисос дод, ки боиси беҳбуди авзои ин ду ниҳоди молӣ нашуд.
Ҳамчунин Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик муътақид аст, ки барои наҷоти ин ду бонки буҳронзада набояд дар интизори кумаки ниҳодҳои молии байналмилалӣ буд, зеро ҳеҷ ниҳод ё шахси сармоядор барои наҷоти бонкҳои варшикастшуда ҳазина нахоҳанд кард.
Ба гуфтаи Умаров, идомаи фаъолияти ду бонки буҳронзадаи “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” дар шароите, ки мардуми ин кишвар ба далели нотавонӣ дар дарёфти маблағҳои худ аз бонкҳо ба низоми банкии ин ҷумҳурӣ беэътимод шудаанд, боиси печидатар шудани буҳрон хоҳад шуд.
Ин дар ҳоле аст, ки чанде қабл ҳайати Сандуқи Байналмилалии Пул дар музокира бо мақомоти иқтисодии Тоҷикистон пешниҳод кард, ки ҳукумат бонкҳои “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” -и ин кишварро варшикаст эълом кунад ва ба фикри бекор кардани муҷаввизи фаъолияти ин ду ниҳоди молӣ ва низ ислоҳот дар низоми бонкӣ бошад.
Падамҷа Хандевал, мудири дафтари Сандуқи Байналмилалии Пул дар Тоҷикистон дар ин музокирот аз тарафи Душанбе хостааст, пули муштариёни талабкорро пардохт кунад.