Октябр 25, 2018 12:19 Asia/Dushanbe
  • Даъвати Тоҷикистон аз FBI барои таҳқиқи парвандаи ҳамла ба гардишгарони хориҷӣ

Тоҷикистон аз идораи таҳқиқоти федерали Амрико FBI даъват кардааст, ки дар таҳқиқи парвандаи ҳамлаи муҳоҷимон ба гардишгарони дучархасавори хориҷӣ кумак кунад.

Ба нақл аз сайти Осиёи Марказӣ, Эмилио Помен, муовини ёвари вазири хориҷаи Амрико дар умури Осиёи Марказӣ ва ҷанубӣ изҳор дошт, давлати Тоҷикистон аз бозрасони FBI даъват кардааст, то дар ифшои ҷузъиёти норавшани парвандаи ҳамла ба гардишгарони хориҷӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бо мақомҳои тафтишотии ин кишвар ҳамкорӣ кунад.  

Ҳамла ба гурӯҳи гардишгарони дучархасавори хориҷӣ 29 июли гузашта дар минтақаи Себистони ноҳияи Данғара рух дод, ки дар натиҷа чаҳор гардишгар кушта ва ду нафар захмӣ шуданд.

Эмилио Помен, ки сешанбе дар Ҷаласаи солонаи машваратии Амрико ва Тоҷикистон дар Душанбе ҳузур дошт, давлат Душанбе ба хотири даъват аз бозрасони FBI барои ҳамкорӣ дар таҳқиқи парвандаи ҳамла ба гардишгарони хориҷӣ ташаккур кард.

Мақоми амрикоӣ таъкид кард, ҳамкории Вашингтон бо Душанбе идома хоҳад дошт ва коре, ки террористҳо анҷом доданд, ба ҳеҷ ваҷҳ рӯи ҳамкориҳои Амрико ва Тоҷикистон таъсири манфӣ нахоҳад гузошт.