28 сол зиндон барои генерали тоҷик
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i39054-28_сол_зиндон_барои_генерали_тоҷик
Тибқи қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон генерал-майор Файзулло Гадоев, сардори собқи яке аз раёсатҳои калидии Вазорати дохилаи Тоҷикистон барои интиқоли маводи мухаддир, ришва, сӯииостфода аз мақом ва пулшӯӣ гунаҳкор шинохта шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 28, 2018 07:33 Asia/Dushanbe
  • 28 сол зиндон барои генерали тоҷик

Тибқи қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон генерал-майор Файзулло Гадоев, сардори собқи яке аз раёсатҳои калидии Вазорати дохилаи Тоҷикистон барои интиқоли маводи мухаддир, ришва, сӯииостфода аз мақом ва пулшӯӣ гунаҳкор шинохта шуд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон, генерал-майор Файзулло Гадоев, сардори пешини раёсати мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Вазорати дохилаи Тоҷикистонро 28 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.

Гадоев ҳамчунин аз унвони генерал-майор ва ифтхорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳрум ва бо дастури Рамазон Раҳимзода вазири дохилаи Тоҷикистон, ҳамаи медал ва нишонҳои ӯ аз эътибор соқит шуд.

Файзулло Гадоев аз соли 2002 то 2007 сардори Раёсати мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Вазорати дохилаи Тоҷикистон буд. Вай аз соли 2007 ба сабаби интиқол ба мақоми дигар аз ин мансаб озод шуд.