Ҳунарманд ва коргардони маъруфи тоҷик даргузашт
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i39101-Ҳунарманд_ва_коргардони_маъруфи_тоҷик_даргузашт
Мурод Орифов (Марат Орипов) ҳунарманд ва коргардони саршиноси синамои тоҷик дар синни 84-солагӣ дори фониро видоъ гуфт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 30, 2018 16:11 Asia/Dushanbe
  • Ҳунарманд ва коргардони маъруфи тоҷик даргузашт

Мурод Орифов (Марат Орипов) ҳунарманд ва коргардони саршиноси синамои тоҷик дар синни 84-солагӣ дори фониро видоъ гуфт.

Мурод Орифов, яке аз бозигарон ва коргардонони саршиноси синамои тоҷик бар асар беморӣ дар синни 84-солагӣ дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон даргузашт. Орифов ҷавонтарин бозигари Тоҷикистон буд, ки дар синни 21-солагӣ ба унвони ҳунарманди ифтихории ин кишвар интихоб шуд. Вай дар тӯли зиндагии худ дар филмҳои зиёде нақш бозӣ кардааст, аммо муҳимтарини он «Сарнавишти шоир» мебошад, ки Орифов дар он нақши Рӯдакиро ифо кардааст. Орифов ҳамчунин коргардони филмҳои «Нисо», «Қалби ман дар кӯҳҳо», «Рамзи ниёгон», «Муҳосира» ва ғайра низ будааст.

Орифов баъд аз 22 соли канорагирӣ аз бозигарӣ дар синамо дар соли 2014 дар филми «Муаллим» нақши устодро бозӣ кард ва як сол баъд барои ин нақш ҷоизаи сию сеюмин ҷашнвораи байналмилалии “Фаҷр”-ро дар Теҳрон дарёфт кард. Он мавқеъ вай эътироф кард, ки ифои нақши устод дар ин филмро ба хотири беҳбуди ҷойгоҳи муаллим дар миёни ҷомеа қабул кардааст. Вай муътақид буд, ки устод ва муаллим муҳимтарин нақш дар зиндагии ҳар як шахс дорад.

Орифов Мурод Собирович мутаваллиди 27-уми августи соли 1935 дар шаҳри Душанбе, фориғуттаҳсили бахши бозигарии Донишкадаи театр ва ҳунари Тошканд ба номи Островский дар солҳои 1954-1960 ва яке аз донишкадаҳои коргардонӣ дар соли 1965 буд. Ӯ дорои унвонҳои ҳунарманди ифтихорӣ ва Ҳунарманди Халқии Тоҷикистон буд. Дар соли 1960 ба хотири нақши худ дар филми «Сарнавишти шоир» дипломи Кинофестивали Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ дар Минскро дарёфт кард. Ҳамчунин барои ин нақш ба Орифов ҷоизаи Ҷашнвораи филми Қоҳира эҳдо шуд.