Октябр 31, 2018 18:20 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Душанбе ва Абудаби бар тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар дидори сафири Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар Душанбе бар зарурати тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба таъкид кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс” дар Душанбе, Сироҷиддини Муҳриддин ва Муҳаммад Аҳмад Ҷобир дар бораи мавзӯоти ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои мухталиф табодули назар карданд.

Бинобар иттилои бахши матбуотии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, Муҳриддин ва Аҳмад Ҷобир ба вижа бар зарурати густариши ҳамкориҳо дар заминаҳои иқтисодӣ, саноатӣ, тиҷорӣ, сармоягузорӣ, энержӣ, кишоварзӣ, илмӣ, омӯзишӣ ва фарҳангӣ таъкид карданд.

Мақарри сафири Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон қарор дорад.