Таъхири ҷаласаи додгоҳии террористи диишӣ дар Додгоҳи Олии Тоҷикистон
(last modified Sat, 03 Nov 2018 05:52:01 GMT )
Ноябр 03, 2018 10:52 Asia/Dushanbe
  • Таъхири ҷаласаи додгоҳии террористи диишӣ дар Додгоҳи Олии Тоҷикистон

Ҷаласаи додгоҳи баррасии ҳамла ба гардишгарони дучархасавори хориҷӣ дар ноҳияи Данғара, ба далели бемории Ҳусайн Абдусамадов, саркардаи террористҳо ба таъхир афтодааст.

Ба гузориши “СА –нюс”, яке аз аъзои ҳайати Додгоҳи Олии Тоҷикистон бидуни ифшои номи худ гуфтааст, ки Ҳусайн Абдусамадов, ки ба унвони саркардаи гурӯҳи террористии муҳоҷим ба гардишгарони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара муҳокима мешавад, аз бемории гурда ранҷ мебурд ва идомаи ҷаласоти додгоҳ ба замони дигар гузаронида ё мавкул шудааст.

Дар нахустин ҷаласаи додгоҳ, ки дар боздоштгоҳи Шумораи 1 –и шаҳри Душанбе, пушти дарҳои баста баргузор шуд, Ҳусайн Абдусамадов таъкид карда буд, ки аз куштани гардишгарони хориҷӣ пушаймон нест ва ин иқдомро дар ҳимоят аз гурӯҳи ДИИШ ва посух ба кишварҳои ғарбӣ, ки барои шикасти ДИИШ дар Ховари Миёна вориди ҷанг шудаанд, анҷом додааст.

Абдусамадов ҳамчунин гуфта буд, ки дастури ҳамла ба гардишгарони дучархасавори хориҷӣ дар ноҳияи Данғараро аз фарди доғистонитаборе ба исми Нуҳос дарёфт кардааст, ки масъули амалиёти ДИИШ дар қаламрави кишварҳои узви ИДМ ё Ҷомеаи Ҳамсуд аст.

Ҳамлаи террористӣ ба гардишгарони дучархасавори хориҷӣ рӯзи 29 июл рух дод ва сабаби марги чаҳор нафар аз шаҳрвандони кишварҳои Нидерландия, Амрико ва Швейтсария шуд.

Дар додгоҳ илова бар Ҳусайн Абдусамадов, 14 нафар мазнуни дигар ҳузур доранд, ки ё бо муҳоҷимон ҳамкорӣ доштанд ё аз ин тарҳи террористӣ огоҳ буданд, аммо ба мақомот иттилоъ надоданд.

Дар амалиёти нерӯҳои давлатӣ пас аз ҳодисаи рӯзи 29 июл шуморе аз мазнунони аслӣ ба даст доштан дар ин моҷарои террористӣ кушта шуданд.