Ноябр 06, 2018 19:23 Asia/Dushanbe
  • Таҷаммуи эътирозӣ дар шаҳри Хоруғ

Ҷамъе аз мардуми шаҳри Хоруғ дар эътироз ба тирандозии генерал Хуршед Муҳаммадзода, фармондеҳи нерӯи вижаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки ба захмӣ шудани яке аз ҷавонони ин шаҳр анҷомид, таҷаммуъ карданд.

Ба гузориши хабаргузории “СА News”, ин афрод бо таҷаммуъ дар муқобили сохтмони ҳукумати вилояти Бадахшон бо таъкид бар хурӯҷи нерӯҳои интизомӣ ва амниятии эъзомӣ аз Душанбе барчидани постгоҳҳои эҷодшуда дар дохили шаҳри Хоруғ ва муҷозоти низомиёни муқассир дар тирандозии шаби 5-уми ноябрро хостор шуданд.

Ёдгор Файзов, раиси вилояти Бадахшон бо ҳузур дар ин таҷаммуъ таъкид кардааст, ки ба ин мавзӯъ расидагӣ хоҳад шуд. Ӯ гуфтааст, ки нерӯҳои интизомӣ ва амниятии эъзомӣ аз Душанбе то поёни фаъолияти ситоди барқарории назм ва амнияти умумӣ дар шаҳри Хоруғ аз вилояти Бадахшон хориҷ нахоҳанд шуд. Ин дар ҳоле аст, ки ситоди барқарории назм ва амнияти умумӣ дар шаҳри Хоруғ бо интишори баёнияе гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунии фармондеҳ Хурсанд Мазоров, аз раҳбарони ғайррасмии маҳаллиро муқассири ҳодисаи тирандозии шаби гузашта дар ин шаҳр эълом кардааст.

Фаъолияти ситоди барқарории назму амнияти умумӣ дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон ба дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз рӯзи 15-уми сентябр бо ҳадафи халъи силоҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, боздошти қочоқчиёни маводи мухаддир ва поён додан ба ҳаракати худравҳои шишасиёҳ оғоз шуд, ки ҳамчунон идома дорад.