Ноябр 08, 2018 21:49 Asia/Dushanbe
  • Баррасии тавсеаи равобити Тоҷикистон ва Олмон дар Берлин

Сафири Тоҷикистон дар Олмон дар дидори намояндаи вазорати хориҷаи Олмон, дӯрнамои тавсеаи равобити Душанбе ва Берлинро баррасӣ карданд.

Ба гузориши хабаргузории Авесто, Соҳибназар Ғайратшоҳ дар дидор бо намояндаи федералии вазорати хориҷаи Олмон дар умури ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Михаил Зейберт вазъи воқеии равобит ва барномаҳои Тоҷикистон ва Олмонро бо ҳадафи тавсеа ва таҳкими равобити ин ду кишвар дар оянда, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин сафири Тоҷикистон ва намояндаи федералии вазорати хориҷаи Олмон, дар бораи тавсеаи ҳамкориҳои Душанбе ва Берлин дар заминаи сиёсат, иқтисод, муҳоҷират, обу энержӣ, гардишгарӣ, машваратҳои сиёсӣ ва гуфтугӯҳои байнидавлатии ояндаи ду кишвар табодули назар карданд.