Самбокори тоҷик қаҳрамони ҷаҳон шуд
Варзишкори пуровозаи тоҷик Хушқадам Хусравов муваффақ шуд, унвони қаҳрамонии мусобиқоти ҷаҳонии самборо дар шаҳри Бухарести Руминия касб кунад.
Бинобар иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Хушқадам Хусравов дар рақобатҳои вазни 62 кило бар ҳарифоне аз ҷумҳурҳои Доминикан, Булғория, Гурҷистон, Украина ғалаба кард ва ба марҳалаи ниҳоии ин мусобиқот роҳ ёфт. Хушқадам Хусравов дар марҳалаи ниҳоӣ низ Руслан Багдасарян аз Русияро шикаст дод ва медали тилоии ин рақобатҳоро бар гардан овехт.
Дар ин мусобиқот дигар варзишкорони тоҷик Акмалиддин Каримов дар вазни 57 кило, Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни 74 кило ва Сорбон Латифов дар вазни 62 кило мақоми сеюмро касб карданд ва медали бронз гирифтанд.
Ба гузориши Федератсияи Ҷаҳонии Самбо, дар мусобиқоти ҷаҳонии Бухарест, ҳудуди 500 варзишкор аз 80 кишвари ҷаҳон ширкат карданд.
Самбо як варзиши размии русӣ аст, ки бар фунуни муборизаи тан ба тан ва партобӣ таъкид дорад ва талфиқ (ду чизро ба ҳам овардан, пайванд) аз муассиртарин техникаҳои чандин риштаи дигар, аз ҷумла дзюдо, куштии озод, фарангӣ ва сабкҳои маҳаллии куштии Осиёи Марказӣ ва Қафқоз аст.