Боздошти як гурӯҳи 12-нафарӣ ба иттиҳоми талош барои инфиҷори пойгоҳи низомии 201
(last modified 2018-11-13T04:40:15+00:00 )
Ноябр 13, 2018 09:40 Asia/Dushanbe
  • Боздошти як гурӯҳи 12-нафарӣ ба иттиҳоми талош барои инфиҷори пойгоҳи низомии 201

Мақомоти амниятии Тоҷикистон мегӯянд, рӯзи чаҳоруми ноябри гузашта як гурӯҳи 12-нафариро, ки қасди инфиҷори пойгоҳи низомии 201 артиши Русия дар ҷануби Душанберо доштанд, боздошт кардаанд.

Ба гузориши сомонаи toptj.com ин мақомот гуфтаанд, ки боздоштшудагон аъзои гурӯҳи террористии ДИИШ будаанд, ки мехостанд пойгоҳи низомии 201 артиши Русия дар ҷануби Душанберо мунфаҷир кунанд.

Ба гуфтаи ин мақомот, фарде ба исми Суҳроб сокини ноҳияи Ваҳдат масъулияти омодасозии ин амалиёти террористиро бар уҳда дошта, ки дар сафҳои гурӯҳи такфирии ДИИШ дар Сурия низ ҳузур доштааст.

Вай ангезаи ин гурӯҳ аз инфиҷори пойгоҳи низомии 201 артиши Русия дар ҷануби Душанберо интиқом аз Маскав барои мушорикати ин кишвар дар шикаст додани гурӯҳи ДИИШ дар Сурия унвон кардааст.

Гуфта мешавад, ки аъзои ин гурӯҳ бо таҳияи маводи тарканда қасди ҳамла ба ин пойгоҳи низомиро доштаанд, ки қабл аз иҷрои ин амалиёти террористӣ боздошт шудаанд.

Тобистони имсол низ Додгоҳи олии Тоҷикистон 10 нафарро ба иттиҳоми омодасозии ҳамлаи террористӣ ба инфиҷори пойгоҳи низомии 201 артиши Русия ба 7 то 26 соли зиндон маҳкум карда буд.

Пойгоҳи низомии 201 артиши Русия дар ҷануби Душанбе бузургтарин маркази неруи заминии ин кишвар дар хориҷ мебошад, ки 7 ҳазор неру дорад.